Зарегистрироваться
Восстановить пароль
FAQ по входу

Улуғзода Сотим. Тоҷики дурага? Кист вай?

  • Файл формата pdf
  • размером 196,74 КБ
Улуғзода Сотим. Тоҷики дурага? Кист вай?
Тоҷикистони советӣ, 16 марти соли 1989. – 2 с.
Муаллифи мақолаи «Ҳам дар наъл ҳам дар пошна» («Тоҷикистони советӣ», 17 феврал) дар якчанд масъалаҳои забони адабии тоҷик ба докторҳои илми филология Р. Амонов ва Р. Ғаффоров мубоҳиса мекунад. Хуб, ин кори ӯст, ҳуқуқи ӯст, ҳар кас дар масъалае, ки хоҳад, метавонад мунозира намояд. Вале дар мақолаи Одил Исломов нуктаҳое ҳастанд, ки
боиси эроди ҷиддӣ нашуда наметавонанд. Ҷалол Икромӣ дар мақолаи ҷавобии худ («Мактуби кушода ба муҳаррири газетаи «Тоҷикистони советӣ», 22 феврал) ба даъвоҳои муаллиф эроди сахти аксаран ҳаққонӣ гирифт. Маро ба навиштани ин мақола, як фикри хато ва зарарноки муаллиф водор намуд.
Ман мавзуоти баҳси байни муаллиф ва докторҳои филологияро ба мубоҳисаҳои илмии оянда вогузошта, дар ин ҷо мехоҳам фақат дар ҳамин фикри хато, ки гуфтам, таваққуф кунам. Исломов истилоҳи беасоси кайҳо фаромӯшшудаи дурагаро ба кор бурда, онро ба тоҷикони ноҳияҳои шимолии республика нисбат медиҳад. Дурага, яъне забони махлут ва калимоту
ибороти туркӣ. Дар баҳсу мунозираи тарафдорони лаҳҷаи кӯҳистонии «аз луғати турки орӣ» ва дурагаи ба ин луғат олуда ин охирин ғалаба кардаасту «ба ин васила лаҳҷаҳои дурагаи забони тоҷикӣ ба унвони забони адабӣ ворид шудаанд» ва «азбаски сардамдорони (?) вақт аксар нависандагону шоирон,
намояндагони лаҳҷаҳои дурага буданд, дар зоҳир «бале» мегуфтанд, вале дар амал кори худро мекарданд» ‒ менависад муаллиф (таъкиди ҷумла аз ман. С.У.), маълум мешавад, ки он «намояндагон» бо фиребу риё кор мебурданд? Ин ҷо Исломов шоирону нависандагони бухороӣ, самарқандӣ, хуҷандӣ,
истаравшанӣ ва ғайраро ҳамчун харобкунандагони забони адабии тоҷик муаррифӣ мекунад. Ин туҳмат аст.
  • Чтобы скачать этот файл зарегистрируйтесь и/или войдите на сайт используя форму сверху.
  • Регистрация